- нав
- [نو]1. он чи, пеш аз ин мавҷуд набуд, аввалин бор сохташуда ё таҳияшуда; ҷадидан ихтироъгардида; тоза, ҷадид; муқоб. кӯҳна; расму оини нав, ҳаёти нав, ҳодисаи нав; бинои нав иморати тозабунёд, бинои навсохт; либоси нав сарутани тозадӯхт, либоси ҳанӯз напӯшида; меваи нав аввалин мева аз ҳосили имсола; роҳи нав роҳи ба тозагӣ сохташуда2. ба қарибӣ пайдошуда, ба наздикӣ арзи вуҷуд карда; маҷаллаю рӯзномаҳои нав а) маҷаллаю рӯзномаҳои бори аввал нашршуда; б) нусхаҳои маҷаллаю рӯзномаҳои ба наздикӣ чопшуда, ки ҳоло нахондаанд; одами нав шахси ба қарибӣ ба ҷое омада, ки дигарон ӯро намешиносанд; раиси нав роҳбари ба қарибӣ таъйин ё интихобшуда; кору касби нав кору касби ҳоло ноозмуда ва омӯхта нашуда; соли нав соли ба қарибӣ дохилшаванда, соли дар рӯзҳои наздик фарорасида3. иловагӣ, дигар, ба ғайри он чи буд: муваффақиятҳои нав, қувваҳои нав, ҳусни нав; либос нав кардан либоси дигар пӯшидан, либос иваз кардан4. ҳозир ҳамин, ҳоло, ба тозагӣ, андак вақт пеш5. маҷ. пешқадам, мутараққӣ; навнав тоза ба тоза; нав ба нав тоза ба тоза; такрор ба такрор; аз нав // аз сари нав дигарбора, дубора, гашта. . замини нав ниг. навкорам (замини навкорам); мактаби нав мактаби тарзи таълимаш тоза, мактаби усули таълимаш ҷадид; аз нав дида баромадан дубора аз назар гузаронидан, таҷдиди назар кардан; аз нав сохтан дубора ба вуҷуд овардан, тамоман дигар кардан; нав карда гирифтан тоза карда гирифтан, дигар кардан, иваз карда гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.